Ба фаъолияти JICA дар Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд
Душанбе, 19.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябри соли 2016 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо Президенти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Шиничи Китаока баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба вазъияти кунунӣ ва дурнамои ҳамкории самараноки дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Миёни ҷонибҳо ҳамчунин доир ба татбиқи натиҷаҳои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония муҳтарам Синдзо Абэ дар доираи масъалаҳои мазкур гуфтугӯ сурат гирифт.
Ба фаъолияти JICA дар Тоҷикистон, ки ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва рушди захираҳои инсонӣ, тандурустӣ, сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, энергетика, таҳкими иқтидори кишоварзӣ, обтаъминкунии аҳолӣ ва рушди бахши хусусӣ мусоидат менамояд, баҳои баланд дода шуд.
Аҳамияти татбиқи тарҳҳои муштарак дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодасозии мутахассисони ҷавон дар доираи «Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ» (JDS) батафсил муҳокима гардид.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






