Баррасии масъалаҳои сиёсат, таъмини амният ва мустаҳкамӣ дар ҳудуди Иттиҳод дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Қирғизистон

Сентябрь 23, 2016 17:22

Душанбе, 23.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа иштирок намуд.
Тавре ки аз Агентии омор хабар доданд, рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои сиёсат, таъмини амният ва мустаҳкамӣ дар ҳудуди Иттиҳод, ҳамкории гуманитарӣ, инчунин баргузории давраи навбатии барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2020 дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бар гирифт.
Баргузории барӯйхатгирии аҳолиро дар соли 2020 Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ҷонибдорӣ намуд.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» аз 19 майи соли 2009 ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» аз 12 октябри соли 2015 барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 гузаронида мешавад.
Натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ барои ташаккули низоми ягонаи хазинаи иттилооти оморӣ, дар ҷабҳаи тавсифоти аҳолӣ замина мегузоранд. Он барои гузаронидани интихоб дар таҳқиқоти муҳими захираҳои меҳнатӣ, шароити зиндагӣ, инчунин ҳангоми аниқ кардани маълумоти омори ҷорӣ ва ҳисобҳои гуногуни демографӣ истифода мешавад.
Натиҷаҳои барӯйхатгирӣ ҳамчун маводи асосии заминавӣ барои таҳияи стратегияи ояндадори рушди устувори иҷтимоӣ- иқтисодӣ, инчунин нақшаҳои миёнамуҳлат ба ҳисоб мераванд.

Сентябрь 23, 2016 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад