Баррасии рушди мубодилаи ҳамкории фарҳангӣ байни Тоҷикистону Япония

Сентябрь 16, 2016 09:40

Душанбе, 16.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо Президенти Ҷамъияти консертии «Мин-он» Ҳироясу Кобаяши 14 сентябр баргузор гардид. Тавре аз ВКХ Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо ба таври муфассал оид ба рушди мубодилаи ҳамкории фарҳангӣ тавассути баргузории чорабиниҳои муштарак дар ин самт бо иштироки ҳунармандони ҳарду ҷониб табодули назар намуданд.
Бояд зикр намуд, ки бо даъвати Ҷамъиятии консертии «Мин-он» Ансамбли рақсии «Зебо» дар гузашта ба шаҳри Токио сафари ҳунарӣ анҷом додааст. Аз ин лиҳоз, ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои идома ва фаъолкунии ин анъана изҳор намуданд.
Тарафҳо иброз доштанд, ки ташкили чунин сафарҳои ҳунарӣ саҳми худро ба пояи ҳусни тафоҳум ва таҳкими ҳамкории дуҷониба хоҳад гузошт. Масъалаҳои вобаста ба гузаронидани чорабиниҳои мазкур дар оянда низ таъкид карда шуд.

Сентябрь 16, 2016 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад