БДА ВКД ҶТ: 4-5 сентябр роҳҳои асосии пойтахт баста мешаванд
Душанбе, 3.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои РБДА Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби гузаронидани тамринҳои вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо барои роҳпаймоӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4-5 сентябри соли равон аз соати 08:00 то соати 10:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз самти Донишгоҳи аграрӣ то муҷассамаи Садриддин Айнӣ, аз самти Қараболо то муҷассамаи И.Сомонӣ ва аз «Боғи Ғалаба» то кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур (меҳмонхонаҳои «Тоҷикистон») манъ карда мешавад.
Аз ин рӯ, аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






