Бисту панҷ соли Истиқлолият: дастовардҳо ва дурнамо
Душанбе, 03.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 31 августи соли 2016 дар доираи нақшаи кории Шўрои илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он гузориши илмӣ-таҳлилии директори Марказ шунида шуд. Баъд аз анҷоми маърўза кормандони илмии Марказ дар атрофи нуктаҳои асосии он муҳокимаронӣ, баҳсу мунозира ва саволу ҷавобҳо доир намуданд. Матни пурраи гузориш чунин аст:
Истиқлолият ҳамчун истилоҳ маънои рафтору тасарруфи озодона ва мустақилона доштан дар муҳити кишвари ободро дорад. Аммо дар ҳуқуқи байналмилалӣ истиқлолияти давлат санади эътироф намудани он аз ҷониби кишварҳои дигар ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аст. Аз нуқтаи назари сиёсӣ истиқлолият амалкарди фаъоли принсипҳои гуногун, идоракунии муназзами уфуқию амудии воҳидҳои маъмурӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ ва конститутсиониро ифода менамояд. Барои давлати соҳибистиқлол дар масъалаи муносибатҳои хориҷӣ субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ будан ва дар пешбурди умури дохилӣ ноил шудан ба тақсимоти муваффақонаи ваколатҳои ҳокимияти давлатӣ ҷанбаи муҳими соҳибихтиёрӣ аст. Таърих гувоҳ аст, ки ноил шудан ба ин рўйдоди фараҳбахш барои миллатҳои гуногун дар шароити мушкил ва ҳарранг муяссар шудааст. Дамидани офтоби гарму форами ин санаи муборак барои миллати тоҷик 9 сентябри соли 1991 мувофиқ афтодааст, ки дар ин рўзҳои фараҳбахш тамоми мардуми шарифи ҷумҳурӣ – марду зан, хурду калон, пиру ҷавон, шаҳрванди қаторию масъул ва низомию ғайринизомӣ ҷашни армуғонии 25-умин солгарди онро дар шароити сулҳу субот, ваҳдату оромӣ, бунёдкорию созандагӣ ва қадамҳои ҷиддӣ гузоштан дар роҳи рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёт ва тарҳи нав андохтани инфрасохтори Тоҷикистони азиз бо ҳазорон таҷаллову таманно, меҳру муҳаббат, қаноатмандию болидарўҳӣ ва ифтихор аз ватану миллат ва давлату давлатдорӣ бо дастовардҳои беназир пешвоз гирифта истодаанд.
Бояд гуфта шавад, ки чорабиниҳои идонаи марбут ба солгарди армуғонии Истиқлолияти Ватан ҳанўз рўзҳои таҷлили Иди Ваҳдати миллӣ дар дарвозаи тиллоии Тоҷикистон – Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон оғоз гардида буд. Ба дурустӣ, ки сипаҳсолорӣ ва пешоҳангии ин рўйдодҳо ва дастовардҳои фараҳбахшро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саъю талошу азми комил ва эҳсоси баланди сарварию ватандўстӣ анҷом дода истодаанд. Шукри беҳад он Худои покро, зеро рўзе нест, ки як хабари хушу муждаи ҷашнӣ дар бораи пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ба худ тарҳи замонавӣ гирифтани инфрасохтори иҷтимоию иқтисодии вилояту шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тавассути эълони ифтитоҳи иншоотҳои нав дар фазои иттилоотӣ танинандоз нагардад. Ин ҳақиқати бебаҳс аст, ки онро ҳатто кўри модарзод ҳам рад карда наметавонад. Имрўз аз баландиҳои кохи бегазанди ватани озоду обод бо чашми басират мушоҳида кардан мумкин аст, ки баробари сипарӣ шудани ҳар рўзи баршумор то ин санаи фархунда чӣ гуна дарахти пурсамари биступанҷсолаи истиқлоли тоҷик шукўҳу шаҳомати беназири худро афзун мегардонад. Бемуҳобо гуфтан мумкин аст, ки ҳамон анъанаи ҳасанаи дар арафаи Истиқлолияти давлатӣ – ҷашни арзишманду муқаддаси миллӣ аз ҷониби вазорату кумитаҳо, муассисаву корхонаҳои хусусию давлатӣ ва ниҳоду сохторҳои гуногун дар саросари қаламрави кишвари азизамон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани объектҳои дорои таъйиноти инфрасохторӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ мсол бисту панҷ маротиба зиёдтар шудааст. Албатта, ин муждаҳои ҷашнӣ барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоӣ ва некўаҳволии сокинони кишвар, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмўъ ба ваҷҳи писандида тағйир ёфтани имиҷи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ниҳоят бузург мерасонанд. Тибқи мушоҳидаҳои мо, андаруни тамоми дастовардҳо ва кору пайкорҳои анҷомёфта дар тўли 25 соли рушди мустақилона якчанд самтҳои барозанда ва меҳварии ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва ҷамъиятию иқтисодӣ дар фазои иттилоотии ҷумҳурӣ ташаккул ёфтанд, ки мо онҳоро ба таври зайл табақабандӣ кардем:
Нахуст, соҳибӣ кардани истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ва таъмини якпорчагии қаламрави он. Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта чун афтодани пардаи оҳанини низоми сиёсию идеологии Иттиҳоди Шўравӣ наздик шудан гирифт, ҷумҳуриҳои миллӣ яке паси дигар ба қабули эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии кишварҳои худ оғоз карданд. Ин рўйдоди муҳим барои аксари ҷумҳуриҳо асосан ба нимаи дуюми соли 1991 мувофиқ омад ва барои давлатҳои тоза ба истиқлол расида давраи пурмасъулият – марҳалаи гузариш ва қадам гузоштан ба ҳаёти мустақилона фаро расид. Вале дар як муддати муайяни таърихӣ ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ дар ин субъектҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии давлате идора карда мешуд, ки аллакай аз саҳнаи сиёсӣ берун омада буд. Ин вазъият то андозае боиси сар задани нооромӣ ва ҳолатҳои буҳронӣ гардид, зеро қонунҳои кӯҳна ба талаботи шароити нави сиёсӣ созгор намеафтоданд ва ҷумҳуриҳои собиқ шўравӣ тани танҳо дар муқобили мушкилоти сершумори худ монданд. Ҳамин воқеият ва далелҳои дигар таҳрик ёфтани низоъҳои сиёсӣ ва қудратхоҳиро дар дохили кишварҳои алоҳида ва гоҳо дар миёни ҷумҳуриҳои собиқи шўравӣ ба вуҷуд овард. Бисёр ҷойи таассуф аст, ки кишвари азизи мо дар зери таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Муддати бештар аз панҷ сол роҳбарияти олии кишвар тавонист, ки ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо тамоми мушкилоти вобаста ба он ҳаллу фасл ва бартараф намояд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳуриро ба як маҷрои созгор ба талаботи нав равона созад. Дуруст муайян кардани стратегия ва дурнамои рушд, бунёди давлати навин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф кардани монеа ва хатарҳои пешрафти ҷомеа миллати тоҷикро ба рўзи ваҳдат ва якдилии саросарӣ расонид. Ҷамъбасти фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба мусолиҳаи миллӣ истеъдоди баланди роҳбарӣ ва сазовори унвони Пешвои миллат буданро ҳанўз дар ҳамон муҳити ниҳоят сарбастаи ҳаёти сиёсӣ ошкор намуда буд. Ҳеҷ кас дар он вақт барои пешгўӣ кардани ояндаи Тоҷикистон ҷуръат намекард. Вале иродаи дар муҳити хизмати неруҳои баҳрӣ обутобёфтаи Сарвари тоҷикон сифатҳои таҳаммулпазирӣ, мушкилнописандӣ, масъулиятшиносӣ ва таваккул бар Худо карданро гўё барои уқдакушоии ҳамин муаммои таърихи навтарини миллат захира карда буд. Аз ин ҷиҳат, 27 июни соли 1997, ба назари мо, инчунин тасдиқи дигарбораи истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҳудудии ҷумҳурӣ ҳам буд. Сулҳи беназири тоҷикон миллатро муттаҳид кард. Тоҷикистон субъекти мустақили ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардид ва номаш дар харитаи сиёсии ҷаҳон абадулобод ҷойгузин шуд.
Дуюм, эҳёи илму маориф, фарҳанги миллӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва варзиш. Бояд эътироф кард, ки дар марҳалаи нахустини фазои соҳибистиқлолӣ зарбаи нахустин болои ҳамин соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ фурў рехт. Маблағгузорӣ, банақшагирӣ ва идоракунии марказӣ дар ин соҳаҳо аз фондҳои умумииттифоқӣ қатъ гардида буд, вале дар доираи имкониятҳои буҷавии ҷумҳуриҳо барои таъминоти ин соҳаҳо маблағҳои алоҳида пешбинӣ нашуда буданд. Илова бар ин, дар солҳои нооромӣ раванди таълим дар баъзе ноҳияҳои кишвари мо як муддат маъталу мушкил ҳам шуд. Дар шароити нав, аз як тараф, таъмини маблағгузории ин соҳаҳо ва аз тарафи дигар, ба манфиатҳои миллӣ мутобиқ намудани барнома ва сохтори илму маориф ва фаъолияти муасисаҳои фарҳангӣ, тандурустӣ ва варзишӣ ба миён омад. Мо тавонистем муассисаҳои таълимӣ ва илмии навро ифтитоҳ намуда, фарҳанги миллии тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем, тавассути бозсозии муассисаҳои тандурустӣ ва варзишӣ сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва пирўзиҳои варзишгаронамонро баланд бардорем. Муҳимтар аз ҳама, мо дар тамоми умури коргузорӣ ва идоракунӣ мақоми забони тоҷикиро «боз боло бурда, бар курсӣ нишонидем» ва онро зеби авранг кардем. Роҳбарият ва ҳукумати ҷумҳурӣ аз рўзҳои нахустини соҳибихтиёрӣ рушди ин соҳаҳоро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, сол ба сол ба натиҷаҳои назаррас комёб шуда истодаанд. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки ҳар сол дар арафаи ҷашни истиқлолият муждаи тозае дар бораи навгониҳо дар ин самтҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ аз тариқи расонаҳо танинандоз мегардад. Ифтитоҳи Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар, бинои нави Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар Душанбе, ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара ва оғози сохтмони бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара, ба фаъолият оғоз кардани теъдоди зиёди мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва бемористонҳо дар саросари ҷумҳурӣ барои кишваре чун Тоҷикистон ба қавли устод Рўдакӣ «… на корест хурд». Аммо қаҳрамонии тиллоии Дилшод Назаровро рўйдоди бесобиқае дар муттаҳид сохтани тамоми қишру табақаҳои миллат дар зери шиори «мо метавонем» ва ҷиҳоди акбари воқеии як ҷавони меҳанпарасти даврони истиқлолият бояд донист. Ва ин ҳама самараи меҳнату заҳмат ва фидокориҳои дар гузаштаи начандон дури Тоҷикистони нав анҷомёфта аст. Роҳбарияти олӣ дар якҷоягӣ бо мардуми фарҳангсолори мо ният доранд, ки дар рушди ин самтҳо дастовардҳоро аз ин ҳам афзунтар намоянд.
Сеюм, эҳёи осори гузашта барои имрўз ва ояндаи дурахшон. Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият, дар воқеъ эҳё намудани арзишҳои моддӣ ва маънавии таърихи пурифтихори ниёгон ва ба манфиатҳои фарҳанги миллию динии мо созгор намудани он аст, зеро бе донистан ва дуруст омўхтани гузашта бунёди рўзгори имрўза ва муайян намудани уфуқҳои рушди оянда номумкин аст. Ин ҷанбаи муҳими фаъолияти иҷтимоӣ дар доираи консепсияи «гузашта, ҳозира ва оянда» комилан дуруст ба роҳ монда шудааст, ки таъмини фазои солими иттилоотӣ, илмию фарҳангӣ ва динию эътиқодӣ дар қаламрави кишвар дар шароити кунунӣ маҳсули ранҷҳои дар ин самт сипарикардаи мардуми шарифи Тоҷикистон аст. Таҷлили зодрўзи ниёгон ва чорабиниҳои дигари марбут ба эҳёи таъриху фарҳанги гузашта дар тарбияи рўҳияи ватандўстӣ ва фидокории насли ҷавон нақши муассир гузошта истодааст. Анбўҳи корҳои иҷрошуда барои арзишҳои волои миллӣ ва динии миллати тоҷик дар матни фарҳанги ҷаҳонӣ нишемангоҳе некў барпо кардааст. Ин пули устувори арзишҳо, суннатҳо ва муқаддасоти ниёгони пурифтихори мо аз гузаштаи дур барои имрўзу ояндаи дурахшон аст. Аз гузашта ҳеҷ гоҳ набояд ор кард, балки боястӣ ҳосил ба бор кард.
Чаҳорум, таҳияи стратегияи се ҳадафи асосии рушд – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ.
Бояд гуфта шавад, ки маҳз бо шарофат ва файзу баракати истиқлолият барои ноил гардидан ба ин мақсадҳои наҷиби рушди ояндаи кишварамон як қатор пешравиҳо ба даст овардаем ва фаъолияти созандаву корнамоиҳоро дар ин самтҳо идома дода истодаем. Истиқлолияти энергетикӣ барои рушди минбаъдаи ҷумҳурии мо ормони сарнавиштсоз аст ва ба таъбири Пешвои миллат «масъалаи ҳаёту мамот» ба шумор меравад. Ин ҷо танҳо лоиҳаи муштараки CASA-1000-ро бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон барои рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ ёдовар шудан басанда аст. Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар равобити мо бо кишварҳои ҷаҳон пайванди ногусастанӣ мебахшад. Сохтани роҳҳо ва таъмини рафтуомади муттасил бо чаҳор гўшаи олам инфрасохтори иқтисодӣ ва иҷтимоии моро тағйир дод. Воқеияти зиндагӣ дурустии наздикӣ ҷустани моро бо кишвари Чин комилан тасдиқ кард. Ҳаминро гуфтан кофист, ки ифтитоҳи роҳи оҳани Душанбе-Қўрғонтеппа-Кўлобро воситаҳои ахбори ҷаҳонӣ «рўйдоди муҳим дар ҳаёти кишвари хурде, чун Тоҷикистон» баҳогузорӣ намуданд. Ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди парвариши меваю сабзавот, бунёди сардхонаҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба шиносномаи маҳсулоти кишоварзии мо сифати «аз нигоҳи экологӣ тоза»-ро замима кард. Рафти корҳо дар ин самт умедвор месозад, ки дар оянда мо ҳам талаботи аҳолиро ба ин маҳсулот қонеъ гардонем ва ҳам содироти онро ба хориҷ афзун намоем.
Панҷум, ба ҳам пайвастани шаҳру ноҳия ва вилоятҳои гуногуни ҷумҳурӣ. Ин масъала тавассути бунёд намудани роҳҳои оҳан ва мошингарди дохилӣ, нақбу пулҳо, хатти интиқоли барқ ва табодули босуръати тиҷорати молҳои саноатӣ ва кишоварзӣ таҳаққуқ мепазирад. Дар ин замина дўстию рафоқат, ҳамкорию рафтуомад, қаробати хешутаборӣ ва урфу одатҳо густариш ёфт, ки боиси устувор шудани сулҳу субот, ваҳдату ягонагии саросарӣ ва ба вуҷуд омадани фазои ягонаи иқтисодию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ шуда истодааст. Табодули молу ашё ва маҳсулоти кишоварзӣ байни шаҳру ноҳияҳои шимолу ҷануб ва шарқу ғарби кишвари азизамон нишон дод, ки дар масъалаи ҳамгироии иқтисодии дохилӣ ҳанўз захираҳои фаровон вуҷуд доранд. Истифодаи самараноки ин захираҳо ба иқтидори иқтисодии давлат тақвият мебахшад.
Шашум, рушди бемайлони сохтмону ободонӣ. Дар воқеъ симои пойтахт, маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти кишвар дар 25 соли истиқлолият аз нигоҳи меъморӣ ва тарҳу дизайн комилан тағйир ёфт ва бунёди биноҳои зиёди дорои таъйиноти гуногун бемайлон идома дорад. Ин ҳолат ба дигаргун шудани вазъи иҷтимоӣ ва некўаҳволии мардум мусоидат менамояд, аз беҳтар шудани имкониятҳои молиявии мардум шаҳодат медиҳад ва яқинан, созандагиро бар сўзандагӣ пирўз мегардонад. Сафари кории имсолаи Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон дар рўзҳои таҷлили Иди Ваҳдати миллӣ собит намуд, ки ҳамин фазои ободонию созандагӣ он ҷойҳоро низ комилан фаро гирифтааст.
Ҳафтум, афзоиши саҳми бахши хусусӣ дар иқтисодиёт ва Маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар. Дар рейтинги кишварҳои рў ба рушд ташаккули бахши хусусӣ омили муҳим аст. Аз як ҷиҳат он метавонад қисме аз масъулият ва вазниниҳои буҷети давлатиро ба уҳдаи худ гирад ва аз ҷиҳати дигар, шиддати таъсири буҳронҳои гуногуни пулию молиявиро дар иқтисодиёти кишвар мулоимтар гардонад. Дар сатҳи нисбатан беҳтар боқӣ мондани қурби пули миллии мо нисбат ба дигар кишварҳои минтақа, ба назари мо, шояд ба сабаби бештар рушд кардани бахши хусусӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ бошад. Таҷрибаи рўзгор ошкор сохт, ки ҳузури бахши хусусӣ дар иқтисодиёти кишвар ҷанбаҳои мусбати муттаҳидкунанда ва ваҳдатофаринӣ ҳам доштааст. Соҳибони моликияти хусусӣ ҳеҷ гоҳ тарафдори нооромӣ ва ҷангу пархош дар ҷомеаи шаҳрвандӣ нахоҳанд буд. Роҳбарияти олии сиёсии кишвар низ ба дастгирии ҳамаҷонибаи рушди бахши хусусӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва эътибори махсус зоҳир карда истодаанд.
Акнун баъди гузашти 25 сол бо боварии комил гуфта метавонем, ки мудирияти мукаммали сиёсӣ ва анвои мухталифи инфрасохтори давлатӣ ба таври амудию уфуқӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ тибқи муқаррароти ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёд шудааст. Вале ҳамчунин бояд дониста бошем, ки дар ҳар гуна ҷомеаи шаҳрвандӣ новобаста ба низоми сиёсӣ се гурўҳи калидӣ – ақаллияти созанда, аксарият ё оммаи мардум ва ақаллияти харобкор ҳузури доимӣ доранд. Ва моро зарур меояд, ки барои нигаҳ доштани ҳамин фазои болида, дами беғам, сулҳу субот ва оромии саросарӣ дар масъалаи зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ як лаҳза ҳам фориғбол набошем.
Мо чунин мешуморем, ки акнун марҳалае фаро расидааст, ки саъю талошҳои ақаллияти созандаи воқеан миллию ватандўст дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа дастгирию пайравӣ пайдо кунад, то вазъи оммаи мардум аз нигоҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмин будан бо ҷойҳои корӣ беҳтар гардад ва раванди рушди устувору бебозгашти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва сулҳи пойдор ҳамрадифи кору пайкори миллати мо бошад.
Солгарди армуғонии истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар шароити ниҳоят мураккаби байналмилалӣ сурат мегирад ва ин вазъият набояд моро озурдахотир созад. Баръакс, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва қарзи шаҳрвандию фарзандӣ водор мекунад, ки мо ин ватанро беш аз ҳарвақта дўсттар дорем ва ҳар рўз бештар аз пештар кору фаъолият кунем, то пирўзӣ насиби орзуву ормонҳои миллати тоҷик ва кишвари маҳбубу азизи мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Аммо дар бобати дурнамои рушди ҷумҳурӣ танҳо аз даргоҳи бениёзи Худованди Офаридгор таманнои онро дорем, ки ҷомаи амал пўшидани мақсаду вазифаҳои дар платформаи се ҳадафи асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар пешбинишударо барои миллату давлати Тоҷикистон муяссару муқаддар гардонад. Дар фароварди сухан гуфтанием, ки барои тақвияти орзуҳои баёншуда ба ҷуз ниёиши орифонаи ҳанафимашраби ниёгони пурифтихорамон матлаби дигари афзудание надорем:
Худовандо, бигардонӣ балоро,
Зи офатҳо нигаҳ дорӣ ту моро.
Ба ҳаққи ҳар ду гесўи ҳабибат
Барорӣ ҷумла ҳоҷатҳои моро.
Зиҳӣ Истиқлоли тоҷик!
Зиҳӣ Пешвои миллат!
Зиҳӣ давлати биҳиштосои Ҷумҳурии Тоҷикистон – кишвари рўдҳои кўҳӣ ба ҳурмати ояти каломи раббонӣ «Ва ҷаъално мина-л-мои кулла шайъин ҳай» – «Ва ҳар чизи зиндаро аз об пайдо кардем».
Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон