НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд

Июль 25, 2025 11:39

ДУШАНБЕ, 25.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар ҷумҳурӣ ба масоҳати умумии 526,9 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода иттилоъ дод.

Ба иттилои раиси кумита, яке аз самтҳои асосии фаъолияти кумита таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал мебошад. Дар айни замон 65 маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат пурра бо нақшаҳои генералӣ таъмин мебошанд. Дар айни замон дар кумита таҳия ва тасҳеҳи нақшаҳои генералӣ ва лоиҳаҳои муфассали банақшагирии шаҳру ноҳияҳо идома дорад.

Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ дар шашмоҳаи якуми соли равон ба маблағи 21 миллиону 724 ҳазору 355 сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ, хизматрасонӣ, ҷустуҷӯию таҳқиқотиро ба анҷом расониданд. Ин ба 116,9 фоизи ҳамин давраи соли 2024 баробар аст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ маоши миёнаи як корманд 2473,91 сомониро ташкил дод.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2025 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид