БМТ барои баланд бардоштани донишу малакаи мутахассисон семинари омӯзишӣ доир кард

Сентябрь 19, 2016 11:29

Душанбе, 19.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва бозомӯзии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ҳамбастагӣ бо Маркази ҳамкории техникии «Дойч Бундесбонк» (Олмон) бо бонкҳои марказӣ, дар доираи барномаи таълимӣ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Ташкили бозори пардохтпазири дараҷаи дуюм барои вомбаргҳои давлатӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
Семинари мазкур дар Бонки миллии Тоҷикистон барои мутахассисони дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, БДА ҶТ «Амонатбонк», ҶСП «Спитамен Бонк», ҶСП «Казкоммертсбонк Тоҷикистон», ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», ҶСК «Ориёнбонк», ҶСП «АксессБонк», ҶСК «Соҳибкорбонк», ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон», ҶСК «Бонки Эсхата» ва ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» доир гардид.
Дар семинар ба иштирокдорон аз ҷониби мутахассисони Маркази ҳамкории техникии «Дойч Бундесбонк бо бонкҳои марказӣ» Томас Госвин ва Наталия Можаева-Ҳенлайн оид ба таҳияи тартиби холгузорӣ барои баҳодиҳии қарз бо истифодаи низоми «The Digital Switch ва The Discriminant Function», ҳисоб кардани коэффитсиентҳои молиявӣ ва ташкили бозори пардохтпазирии дараҷаи дуюм барои вомбаргҳои давлатӣ бо овардани мисолҳо маърӯзаҳо хонда шуда, дарсҳои назариявӣ бо корҳои амалӣ таҷрибаандӯзӣ гаштанд.
Бояд гуфт, ки ҳадафи семинари мазкур тавассути омӯзиши таҷрибаи пешқадами бонкҳои марказии кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Ҷумҳурии Федеролии Олмон, баланд бардоштани донишу малакаи кории мутахассисони низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сентябрь 19, 2016 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад