Боздиди Президенти кишвар аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Сентябрь 11, 2016 09:03

Душанбе, 11.09.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ дидан карданд.

Дар ин ҷо ба сарвари давлат иттилоъ доданд, ки барои занону бонувони бешуғл барои касбомӯзӣ шароити хуб фароҳам шудааст.

Феълан дар коргоҳи дӯзандагӣ 20 адад мошинаҳои муосири дарздӯзӣ харидорӣ гардида, барои кор дар онҳо 20 нафар занону бонувони ҳунарманд бо ҷойи кору маоши мувофиқ таъмин мебошанд.

Дар сехи атласу адрасбофӣ, ки дар шафати коргоҳи дӯзандагӣ ҷойгир аст, 25 дастгоҳи бофандагӣ танзим карда шудааст ва дар он бонувони черадасти ноҳия ба омода кардани матоъҳои аз лиҳози сифатнокиашон баланд, ки аз маҳсулоти ватанӣ, пахта ва риштаи маҳаллӣ истеҳсол мешавад, машғул мебошанд.

Чуноне иттилоъ доданд, дар ин коргоҳ ҳамарӯза аз ҳар як дастгоҳ аз 10 то 15 метр матоъи аз ҷиҳати экологӣ тоза омода мегардад ва он чӣ дар бозорҳои дохилӣ ва чӣ берун аз ҳудуди ноҳия талабгорони зиёд доранд.

Ҳамакнун дар ин марказ дилхоҳ нафароне, ки хоҳиши касбомӯзӣ доранд, тариқи ройгон ва дар асоси роҳхатҳои Агентии шуғли аҳолӣ ба омӯзиш фаро гирифта хоҳанд шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ намудани ин тадбири хайр ба масъулин барору муваффақият хостанд.

Пас аз шиносоӣ бо шароити бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар марказҳои хизматрасонӣ Пешвои миллат дар саҳни ҳамин бино дар ҳузури беш аз 2 ҳазор нафар сокинон ва фаъолони ноҳия суханронӣ намуданд.

Сентябрь 11, 2016 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон