Бунёди 366 га боғу токзори нав ва нишондоди баланд дар истеҳсоли меваҷот

Сентябрь 16, 2016 11:21

Душанбе, 16.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Барномаи давлатии «Рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 306 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 106 гектар зиёд мебошад. Аз боғҳои нави бунёдшуда, 3 гектарашро боғи интенсивии қадпаст ташкил медиҳад. Инчунин имсол ба масоҳати 255 гектар боғу токзори кӯҳна аз нав барқарор карда шудааст.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 8547 гектар боғ ва 2773 гектар токзор мавчуд аст. Боғпарварон бо бунёди боғу токзори нав майдони боғро афзун ва бо башаклдарорию корҳои агротехникии токзори ҳосилдеҳ ҳосили онро дар мавсими имсола зиёд кардаанд.
Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар мавсими имсола хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия то 1 сентябр 16 ҳазору 846 тонна мевагӣ истеҳсол намудаанд.

Сентябрь 16, 2016 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!