Бунёди мактаби ибтидоӣ дар Шавуд. Роҳи хонандагон кӯтоҳ мегардад

Сентябрь 15, 2016 14:53

Хоруғ, 15.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони хурдсоли деҳаи Шавуди ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ барои рафтуомад ба мактаби ҳамсоя, ки дар деҳаи Мотравн ҷойгир аст, ҳамарӯза 16 километр роҳро пиёда тай мекунанд. Баъди чанд моҳ роҳи ин кӯдакон комилан кӯтоҳ мешавад. Бо кумаки молии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маҳали зисти онҳо-деҳаи Шавуд мактаби ибтидоӣ бунёд карда мешавад.
Омӯзгори мактаби деҳа Ҷумъа Рустамов гуфт, ки ин мактаб аз 6 синфхона иборат аст ва бунёди онро худи волидони хонандагон бар дӯш гирифтанд. Дар деҳа 50 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд ва теъдоди хонандагон 33 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ин таълимгоҳ то 50 нафар бидуни ягон мушкил таҳсил карда метавонанд. Ба гуфтаи ин омӯзгор, муҳайё кардани шароити мусоид барои кӯдакону наврасон дар деҳоти дурдаст хеле муҳим аст, зеро неку бади зиндагиро танҳо аз кӯдакӣ дар зеҳну тафаккури инсон ҷо кардан мумкин аст. Чун онҳо дар рӯҳияи нек бузург шуда, ба ҳар кунҷу канори дунё ҳам раванд, ҳеҷ гурӯҳе наметавонад шуури онҳоро тағйир диҳад.
Танҳо маориф қудрат дорад ҷомеаро аз ҷаҳолату хурофоти асримиёнагӣ наҷот диҳад.

Сентябрь 15, 2016 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад