Дар АНМН зиёда аз 303 килограмм маводи нашъаовар нобуд карда шуд
Душанбе, 23.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ҳузури комиссияи махсус аз ҳисоби намояндагони мақомоти прокуратура, суд, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ зиёда аз 303 килограмм маводи нашъаовар, аз ҷумла 40 кг 408 гр героин, 20 кг 252 гр афюн, 179 кг 088 гр ҳашиш, 63 кг 072 гр бангдона ва 217 гр ҳаби МДМА аз рӯи 23 парвандаи ҷиноӣ ва 52 парвандаи маъмурӣ, ки нисбат ба онҳо ҳукми суд баромадааст, сӯзонида шуданд.
Зимни сӯзонидани маводи нашъаовар иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ дар сатҳи олӣ, ки ба Тоҷикистон даъват гардидаанд, намояндагони сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон, Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии Саломат Азимӣ, вазири мубориза бо маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ашита Миттал, Роҳбари намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Маводи нашъаовари мазкур аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук ҳангоми гузаронидани амалиёт мусодира шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






