Дар байни ҷавонон оид ба истеъмоли маводи мухаддир тадқиқоти миллӣ гузаронида мешавад

Сентябрь 28, 2016 09:51

Душанбе, 28.09.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи лоиҳаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи корӣ доир ба таҳқиқоти миллӣ дар соҳаи истеъмоли маводи мухаддир дар байни ҷавонон баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, дар вохӯрӣ ҳамоҳангсози минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Сениё Агбохлах, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба татбиқи таҳқиқот иштирок намуда, оид ба масъалаҳои таҳияи «Таҳқиқоти миллӣ дар соҳаи истеъмоли маводи мухаддир дар байни ҷавонон», инчунин муҳокимаи баргузории таҳқиқоти мазкур дар мактабҳои таҳсилоти умумии минтақаҳои кишвар ибрози назар намуд. Зикр карда шуд, ки таҳқиқот дар байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии давлатӣ бо фарогирии 4 ҳазор респондент доир карда мешавад.
Таҳқиқоти мазкур моҳҳои октябр-ноябри соли равон гузаронида мешавад.

Сентябрь 28, 2016 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад