«Дар давоми 25 сол Тоҷикистон аз тамоми имтиҳонҳои сангин гузашт» — бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ
Душанбе, 6.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрик гуфта, арз намуд, ки «25-сол дар назди таърих муддати кам аст. Аммо мардуми тоҷик дар давоми ин муддат тавонист мустақилият, озодӣ ва ватани худро ҳифз кунад. Мардуми тоҷик тавонист давлати худро дар ин муддат созад ва бо тамоми кишварҳои олам равобити дипломатию баробар дошта бошад.
Дар давоми 25 сол Тоҷикистон аз тамоми имтиҳонҳои сангин гузашт. Ҷанги шаҳрвандӣ, рукуди иқтисодӣ, нооромиҳои сиёсӣ, вазъи бади иҷтимоӣ дар солҳои аввали истиқлолият сахттарин имтиҳонҳое буданд, ки тоҷикон онҳоро паси сар ва истиқлолияти худро ҳифз карданд». Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ҷамъомад дар васфи Тоҷикистон, ватан ва истиқлолият шеърҳо қироат намуд.
Дар фарҷом як гурӯҳ кормандони фаъоли дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои он бо «Ифтихорнома» ва «Раҳматнома»-и Хадамоти муҳоҷират сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






