Дар Деваштич аз дастовардҳои истиқлолият ёдоварӣ намуданд

Сентябрь 13, 2016 15:21

Душанбе, 13.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Фаъолони ноҳияи Деваштич дар маҷлиси тантанавӣ дастовардҳои даврони истиқлолиятро дар тӯли 25 сол арзёбӣ карданд. Зикр шуд, ки тӯли ин муддат дар тамоми деҳаҳои ноҳия мактабу табобатгоҳ, иншооти варзишӣ, роҳу пулҳо мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар рӯзҳои таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Угук ва Қалъаи Ҳоҷӣ биноҳои нави мактаб ва дар деҳаи Истиқлол беморхонаи нав мавриди истифода қарор гирифтанд. Қасри фарҳанг аз нав бо тарҳи замонавӣ таъмир гашта, ба худ ҳусни тоза гирифт. Баробари корҳои ободонию бунёдкорӣ тафаккуру ташаккули зеҳнии мардум, хосса ҷавонон тағйир ёфт, ҷавонон маънии Истиқлолиятро дарк карданд ва имрўз натиҷаи ин аст, ки даҳҳо нафар ҷавонони ноҳия дар давлатҳои Чину Олмон, Малайзияю Русия, Беларусу Қазоқистон таҳсил доранд.

Сентябрь 13, 2016 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад