Дар Душанбе шуъбаи стоматологияи кӯдакон ва наврасон пас аз таҷдид ба фаъолият шурӯъ кард
Душанбе, 30.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳифзи сиҳатии кӯдакону наврасон аз афзалиятҳои соҳаи тандурустии кишвар ба ҳисоб рафта, барои беҳтар гардонидани сифати хизматрасонии тиббӣ ба онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани заминаи моддию техники ин соҳа дар Пажӯҳишгоҳи стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ шуъбаи стоматологияи кӯдакон ва наврасон пас аз тармиму таҷдид аз нав ба фаъолият шурӯъ кард.
Тавре ки аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, пойгоҳи асосии шуъба дар соли 1994 гузошта шуда бошад ҳам, чандон шароити хуб надошт. Имрӯз пас аз таъмир ва ворид намудани таҷҳизот ва дасгоҳҳои замонавии истеҳсоли кишварҳои Чин ва Олмон 16 нафар мутахассисони соҳа метавонанд дар як рӯз аз 30 то 40 нафар ниёзмандонро қабул кунанд.
Бояд гуфт, ки ҳуҷраҳои кор бо кӯдакону наврасон, пешгирии бемориҳои даҳону дандон то имрӯз дар дигар муассисаҳои ҳамсон вуҷуд надошт. Акнун дар ин ҳуҷраҳо мутахассисон ба наврасон ва модарону кӯдакон роҳҳои дурусти нигоҳубини дандон, тарзи дурусти шустани он ва пешгирии бемориҳои гуногуни даҳону дандонро мефаҳмонанд,- зикр намуд манбаъ.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






