Дар Ереван ҷаласаи нуҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода байни давлатҳои аъзои СААД баргузор гардид
Душанбе, 30.09.16./АМИТ «Ховар»/. Дар Ереван ҷаласаи нуҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода байни давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода иштирок намуд.
Иштироккунандагон масоили густариши ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар доираи истифодаи имкониятҳо барои расонидани кумак ба зарардидагони ҳолатҳои фавқулода, нақшаи машқҳои муштарак ва дигар фаъолияти якҷоя бо мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СААД дар соли 2016-ро муҳокима намуданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин диққати махсус ба омӯзиши кормандони ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти оташнишонӣ, мақомоти наҷотдиҳӣ ва хадамоти махсуси давлатии кишварҳои узви СААД дар асоси имтиёзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия дода шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






