Дар «Иди харбуза- 2016» навъҳои хушсифати харбуза пешниҳоди меҳмонон гардиданд
Душанбе, 5.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Иди харбуза- 2016»- ро доир намуд.
Намоиши мазкур бо мақсади ғанӣ гардонидани дастурхони аҳолӣ ва таъмини бехатарии озуқавории кишвар баргузор гардида, дар он беҳтарин полизкорони ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар намоиш навъҳои хушсифати харбуза ва маҳсулоти аз он омодагардида бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши меҳмонону сокинони пойтахт гардонида шуд.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 сентябр баргузории «Иди асал- 2016» дар назар аст.


















































Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






