Дар кишвари Хабаровск тоҷики ватандӯст ба шарафи ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон қаҳвахонаи «Сино» кушод

Сентябрь 9, 2016 11:33

Душанбе, 09.09.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Риояи расму  оинҳои миллӣ ва тарғиби  либосу хӯрокҳои миллии тоҷикӣ  аз ҷониби ҳамватанонамон дар кишвари Хабаровски Шарқи Дур  аз  ҳувияти баланди онҳо дарак медиҳад. Бо ташаббуси ҷавонмарди ватандӯст Нуриддин Убайдуллоев ва дастгирии раиси ҷамъияти тоҷикони кишвари Хабаровск Моҳтоб Ғафурова, аъзои фаъоли ҷамъияти тоҷикон Аъзамчон Зикриллобеков, Рустам Аъзамов ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР Ҷамшед Саидов бахшида ба ҷашни муқаддасу худшиносии мардуми тоҷик -25-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Хабаровск қаҳвахонаи  «Сино» дари худро ба рӯи миҷозон кушод.
Дар қаҳвахонаи «Сино» асосан хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили оши палову оши бурида, кашку мошкичирӣ, самбӯсаи алафию танӯрӣ ва нону кулчаҳои  тоҷикӣ пухта мешаванд. Толори нишаст  бо нақшу нигори  тоҷикона оро дода шудааст.
КишвариХабаровск яке аз қисматҳои дури Шарқи Дур буда, таъсиси чунин қаҳвахонаҳо ва марказҳои фарҳангӣ барои муаррифии миллатамон ҳамчун миллати соҳҳибтамаддуну қадимӣ  нақши калон дорад. Тавре ки дар суҳбат бо мо муассиси қаҳвахона Нуриддин Убайдуллоев гуфт: «Мо тоҷикон  миллати пешрафта буда,  таърихи хеле қадимӣ дорем ва вазифаи ҳар яки мост, ки дар куҷое бошем, номбардори номи неки ватанамон бошем, обод кунем, оинҳои миллиамонро тарғиб кунем, то дигарон моро шиносанду донанду эътироф кунанд ва мо маҳз тавассути фарҳангу ҳунарҳои мардумиамон, ки тавассути сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон умри дубора ёфтанд, метавонем дар арсаи ҷаҳон худро чун миллати пешрафта нишон диҳем».

Садбарг Боқиева, Хабаровск, ФР

Сентябрь 9, 2016 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад