Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи идонаи Рӯзи китоб баргузор гардид
Душанбе, 6.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи китоб доир гардид.
Дар чорабинӣ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода иброз дошт, ки ҷашни китоб имсол дар арафаи ҷашнвораи бузург- 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ доир мегардад ва аз ин рӯ, бо шарофати ин ҷашни бузург тарҳрезии барномаҳои ҷолиб аз солиёни пеш бошукӯҳтар баргузор мешавад.
Зикр шуд, ки бисту панҷ сол аст Тоҷикистони азиз соҳибистиқлол ва мардуми бузурги ин кишвар соҳиби давлати озоду обод ва соҳибихтиёр мебошанд.
«Даврони Истиқлолият барои ҳар яки мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишварро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Бояд гуфт, ки Истиқлолият бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад»,- гуфт Сайфиддин Назарзода.
Ҳамзамон директори Китобхонаи миллӣ иброз дошт, ки 5 сол мешавад Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рўзи китобро ботантана ва шукўҳу шаҳомат ҷашн мегирад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






