Дар намоишгоҳи ЭКСПО «Роҳи Абрешим» самтҳои афзалиятнок ва дурнамои рушди ҳамкории фарҳангӣ баррасӣ мешаванд
Душанбе, 20.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 22-юми сентябри соли равон дар шаҳри Дунхуани Ҷумҳурии Мардумии Чин намоишгоҳи ЭКСПО «Роҳи Абрешим» баргузор мегардад.
Дар намоишгоҳи ЭКСПО «Роҳи Абрешим» самтҳои афзалиятнок ва дурнамои рушди ҳамкории фарҳангӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба Шоҳроҳи бузурги Абрешим дар минтақа баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар намоишгоҳи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.








АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






