Дар ноҳияи Лахш дар баландии 32 метр байрақи Тоҷикистон насб гардид
Лахш, 02.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади истиқболи сазовори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Лахш корҳои ободонӣ вусъат меёбанд. Дар робита ба ин, тозакунии кӯчаҳо, сабзазоркунию гулзоркунии маркази шаҳраки Ваҳдат ва ҷамоати деҳоти Ҷиргатол бо маром идома дошта, сохтмони зиёда аз 22 иншооти ҷашнӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Бахшида ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ бо саҳмгузории имомхатибон ва кӯшиши Бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар назди бинои ҳукумати ноҳия дар баландии 32 метр байрақи Тоҷикистони азизро насб карданд, ки он ба маркази ноҳия ҳусни тоза бахшидааст.








АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






