Дар ноҳияи Рашт ба забономӯзии хонандагон диққати ҷиддӣ зоҳир мешавад

Сентябрь 22, 2016 13:57

Рашт, 22.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳкими таълими забонҳои русӣ ва англисӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи нави такмил ва омӯзиши ин забонҳо барои солҳои 2015-2020 қабул гардид. Дар партави иҷрои ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт тадбирҳои зарурӣ меандешад, то муассисаҳои таълимии ноҳия бо мутахассисони зобондон таъмин карда шаванд.
Тибқи иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳия Холмаҳмад Ортиқов, дар муассисаҳои таълимии ноҳия айни ҳол 85 нафар омӯзгор, аз ҷумла 20 нафар зан аз фанни забони русӣ ва 73 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 16 нафар зан аз фанни забони англисӣ ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд.
Зинаи аввалини таҳсилот зинаи таҳсилоти томактабӣ ба ҳисоб меравад ва маҳз ин зина дар омода намудани кӯдак ба таълим ва ташаккули равонию ҷисмонии он мусоидат менамояд. Холмаҳмад Ортиқов иброз дошт, ки айни замон дар ноҳия 2 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, 160 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Соли таҳсили сипаришуда дар ноҳия 39 Маркази инкишофи кӯдакон бо фарогирии 742 нафар кӯдакони синни томактабӣ фаъолият дошт, ки дар онҳо 40 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул буданд.

Сентябрь 22, 2016 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад