Дар Олмон дурнамои муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Олмон баррасӣ шуд
Душанбе, 26.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябри соли равон мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо сардори навтаъйини Раёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои шарқии Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон Михаэл Зиберт баргузор гардид.
Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷабҳаи дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон мавриди баррасӣ қарор гирифта, табодули назари судманд роҷеъ ба авлавиятҳои раисии Олмон дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн сурат гирифт.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






