Дар оянда дар Рашт ду неругоҳи барқи обии хурд сохта мешавад

Сентябрь 28, 2016 11:02

Душанбе, 28.09.2016/АМИТ «Ховар»/. «Дар даврони истиқлолият дар минтақаи Рашт бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳиссагузории Ҳукумати мамлакат 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 852 километр роҳ ва 25 пул ба истифода дода шудааст». Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Рашт шоми 27 сентябр иброз доштанд.
Пешвои миллат таъкид карданд, ки ҳоло бо дастгирии шарикони рушд корҳои омода намудани асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи энергетика, аз ҷумла барқарорсозии шабакаҳои барқии баландшиддат дар минтақаи Рашт идома доранд. Тибқи лоиҳаи мазкур сохтмони 620 километр хатҳои интиқоли барқ ва 2 зеристгоҳи барқӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон дар асоси «Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд барои солҳои 2016-2020» дар ноҳия бунёди боз ду неругоҳи хурди барқи обӣ ба нақша гирифта шудааст.
Сарвари кишвар зикр намуданд, ки дар ин ҷода сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст ҷиҳати сари вақт амалӣ кардани лоиҳаҳо ва омодагии иншооту шабакаҳои таъминоти барқ ба мавсими тирамоҳу зимистон чораҷӯӣ намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шарқи кишвар, ки аз 18 сентябр оғоз гардид, аз ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш, Рашт ва Дарвоз боздид карда, дар маросими ба истифода додани чандин иншооти муҳими дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ ширкат намуда, бо сокинони навоҳии водии Рашт мулоқоти самимӣ карданд.

Сентябрь 28, 2016 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад