Дар шаҳри Кӯлоб мусобиқа оид ба шиноварӣ доир гардид
Кӯлоб, 15.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 100 нафар варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ҳам рақобат карданд. Мусобиқа дар ҳавзи болопӯшидаи шиноварӣ, ки бо ширкати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шурӯъ намуда буд, ҷараён гирифт.
Ба иттилои масъулини бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб, баргузории мусобиқа дар шаҳри Кӯлоб имкон фароҳам овард, ки наврасону ҷавонон ба варзиш ҷалб гардида, дар оянда сафи дӯстдорони ин намуди варзиш боз ҳам зиёд гардад.
Мақсади мусобиқа баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат миёни наврасону ҷавонон ва муайян намудани дастаи мунтахаби наврасони мамлакат барои ширкат дар бозиҳои Осиёӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






