Дар шаҳри Ваҳдат 105 нафар корманди тиббӣ соҳиби дипломҳои «табиби оилавӣ» ва ҳамшираи оилавӣ» гаштаанд

Сентябрь 21, 2016 15:03

Ваҳдат, 21.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ваҳдат 6 маркази саломатии деҳот ва 14 бунгоҳи саломатӣ сохта ва навсозӣ гардида, бо дастгоҳҳои замонавӣ, маводи зарурии тиббӣ ҷиҳозонида шудаанд. Мутахассисони соҳа баҳри расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба аҳолӣ фаъолияти босамар доранд.
Инчунин дар заминаи Маркази саломатии шаҳр соли 2010 шуъбаи таълимии клиникии тибби оилавӣ дар назди Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ таъсис дода шуд, ки то ин давра 105 нафар кормандони соҳа омӯзонида шуда, соҳиби дипломҳои «табиби оилавӣ» ва «ҳамшираи оилавӣ» гаштанд.
Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади беҳтар гардонидани сифати хизматрасонии тиббӣ 55 ҳуҷраи табибони оилавӣ пурра бо таҷҳизоти замонавӣ ва борхалтаҳои табиби оилавӣ ҷиҳозонида шуданд. Ҳамчунин бо дастгирии Вазорати тандурустӣ «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» ва шарикони рушд барои ба кор шурӯъ кардани шуъбаи таълимӣ дар шаҳри Ваҳдат бо мизу курсиҳои нишаст, катҳо, тахтаи синфӣ, ҷевон, китобҳо, компютерҳо, принтер, ноутбук, проэктор ва 59 нафар табибе, ки тӯли солҳои 2011-2015 бозомўзиро дар «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ»-и шаҳри Ваҳдат гузаштаанд, бо борхалтаҳои табиби оилавӣ таъмин карда шуданд.

Сентябрь 21, 2016 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад