Дар шаҳри Ваҳдат мусобиқаи байналмилалии дзюдо доир мегардад
Душанбе, 27.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» имсол 5 октябр дар шаҳри Ваҳдат доир мегардад.
Тавре ки аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон иттилоъ доданд, мусобиқоти байналмилалӣ дар риштаи гӯштини дзюдо барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ аз соли 2013 гузаронида шуда, се мусобиқаи пешин дар пойтахти кишвар баргузор шуда буданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқаи варзишӣ намояндагони қариб 30 кишвар иштирок мекунанд.
Маблағи ҷоизаи мусобиқаи мазкур 15 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, ғолиби ҷои аввали мусобиқа бо 7 ҳазор доллар, зинаи дуюм — бо 4 ҳазор ва зинаи сеюм — бо 2 ҳазор доллари ИМА қадрдонӣ мешаванд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






