Дар Туркия Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҷлил карданд
Душанбе, 30.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябри соли 2016 дар меҳмонхонаи «Swissotel» дар Анқара ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати расмӣ барпо гардид. Дар он муовини Нахуствазири Ҷумҳурии Туркия Йлдирим Туғрал Туркеш ба сифати меҳмони фахрӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Вазорати корҳои хориҷиро дар ҷамъомад раиси кулли Департаменти Қафқоз, Осиёи Марказӣ, Русия ва Аврупои Шарқӣ Вурал Алтай намояндагӣ намуд. Дар маросим инчунин намояндагони вазорату идораҳои кишвари иқомат, ҳайати дипломатии муқими Анқара, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Туркия, доираҳои тиҷоратии кишвари иқомат, аҳли илму фарҳанг ва шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик ва дигарон ҳузур доштанд.
Дар доираи чорабинӣ намоиши китобҳо, имкониятҳои туристии Тоҷикистон, расму русум ва анъаноти фарҳангӣ, аксҳо дар бораи дастовардҳои муҳими кишвар баргузор гардида, барои меҳмонон филмҳои нави ташвиқӣ дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва имкониятҳои сармоягузории кишвар ба намоиш гузошта шуданд.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






