Дар ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол шуд
Душанбе, 22.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар 8 моҳи соли 2016 ба маблағи 1,1 миллион сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 294,6 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 135,1 %-ро ташкил медиҳад.
Тавре ки аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳаҷми истеҳсоли семент 1273,5 ҳазор тонна, масолеҳи деворӣ 156,4 миллион донаро ташкил дода, қуму шағал ба 822,0 ҳазор метри мукааб расидааст. Дар ин давра 120,9 ҳазор тонна семент, 33,6 ҳазор тонна қуми квартсӣ ва 181,7 тонна масолеҳи рангубор ба маблағи умумии 66,5 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба ҷумҳуриҳои Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон содир гардид.
Ёдовар мешавем, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои бузурги истеҳсоли сементи ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Суғд семент»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ ҶДММ «Ху Чан Ғаюр Индустрал»-и ноҳияи Ёвон ва ҶДММ «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир семент»-и ноҳияи Ёвон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи масолеҳи сохтмонӣ 1,4 миллиард сомонӣ, истеҳсоли семент 1,6 миллион тонна, масолеҳи деворӣ 210,0 миллион дона ва қуму шағал 1,1 миллион метри мукааб пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






