Дар Вашингтон аксҳои аксбардори маъруф Заур Дахте намоиш дода шуданд
Душанбе, 08.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Вашингтон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи таҷлили пуршукӯҳи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои аксбардори маъруф, Арбоби шоистаи кишвар, академики Академияи мусаввирони Тоҷикистон Заур Дахте манзури меҳмонон ва намояндагони корпуси дипломатӣ гардид.
Тавре аз маркази матбуотии Вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аксҳо инъикосгари табиати зебоманзар, ёдгориҳои таърихӣ, дигаргуниҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон буда, дар баробари беш аз 50 сурат боз як силсила корҳои аксбардори боистеъдоди ҷавон Баҳриддин Исомиддинов низ фазои ҷашнро зеб бахшид.
Намоиши асарҳои Заур Дахте солҳои пеш дар Русия, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон доир гардида буд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






