Дар вилояти Хатлон масъалаҳои рушди соҳаи маориф баррасӣ мешаванд
Қӯрғонтеппа, 21.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, ки рӯзҳои наздик баргузор мегардад, масъалаи рушди соҳаи маориф муҳокима мешавад.
Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар ҷаласа ҳамзамон ҷараёни иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои соҳаи саноат, энергетика, меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия муҳокима мешаванд.
Дар назар аст, ки вакилон инчунин лоихаи «Нақшаи генералии шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон»-ро баррасӣ намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






