Дар ВКД ҶТ бо намояндагони Дидбони ҳуқуқи башар мулоқот доир шуд

Сентябрь 14, 2016 10:27

Душанбе, 14.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябр дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (HumanRightWatch) вохӯрӣ доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷониби ин Созмони байналмилалиро Стив Свердлов ва  Виктория Ким намояндагӣ карда, ҳамчунин намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ аз Раёсати ҳамкории байналмилалӣ ва Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии ВКД Зумрад Абдуллозода гуфт, ки роҳбарияти Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба хушунати хонаводагӣ бо созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ҳамкорӣ дошта, заминаи қонунгузорӣ дар ин самтро такмил медиҳанд.  Дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия нозирони кор дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, мунтазам чорабиниҳои омӯзишию вохӯриҳои судманд доир карда мешаванд. Дар ин самт бо истифода аз дастовардҳои пешқадам як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудаанд ва он идома дорад.
Намояндаи Дидбони ҳуқуқи башар Стив Свердлов иброз дошт, ки созмони онҳо омода аст бо идораву ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи ваколатҳояшон ба пешгирии хушунати хонаводагӣ сарукор доранд, ҳамкории судманд ба роҳ монад.
Дар доираи рӯзномаи вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ, дастгирии оилаҳои ҷавон, кумаки рӯҳию равонӣ ба ҷабрдидагони чунин ҳодисаҳо, коркарди механизмҳои тақвият бахшидани ҳамкории судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сентябрь 14, 2016 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад