Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона ноком шуд

Сентябрь 15, 2016 16:05

Душанбе, 15.09.2016./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз тими Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Ин бозии дӯстона дар доираи омодагии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2016 байни бозигарони то 19-сола дар шаҳри Дубай баргузор шуд. Бозии ҷавобии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон 16 сентябр дар Дубай баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2016 миёни бозингарони то 19-сола аз 13 то 30 октябри соли равон дар шаҳри Манамаи Баҳрайн сурат мегиранд. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аввалин бозиро дар ин мусобиқот бо тими Узбекистон анҷом медиҳад. Бозии даври аввали гурӯҳи D 15 октябр дар варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»-и шаҳри Манама барпо мегардад. Футболбозони ҷавони тоҷик дар даври дуюм рӯзи 18 октябр бо дастаи мунтахаби ҷавонони Чин рақобат мекунанд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн баргузор мешавад.
Бозии ниҳоии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 21 октябр дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн бо тими Австралия доир хоҳад шуд.

Сентябрь 15, 2016 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад