Давлатдории миллӣ ва таҳкими он дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ

Сентябрь 7, 2016 09:43

Душанбе, 07.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ кишвари мо ба як қатор  дастовардҳои бузург ноил гардид. Дар самти сиёсати дохилӣ пешрафтҳо бевосита ба сатҳи зиндагии мардум таъсир расонида, барои таҳкими фазои озоду босубот мусоидат намуданд. Аз дастовардҳои муҳим дар сиёсати дохилӣ ҳифзу нигҳдошти Истиқлолияти давлатӣ, қабули Конститутсия, гузаштан ба низоми идоракунии президентӣ, анҷоми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, гузаштан ба низоми демократӣ ва бисёрҳизбӣ, бозсозии давлати миллӣ ва таҳкими минбаъдаи он, парлумони дупалатагӣ, таҷзияи се шохаи ҳокимият, таҳкими низоми худидоракунии маҳаллӣ, расидан ба Ваҳдати миллӣ ва ба вуҷуд овардани сохторҳои зарурии давлатдориро метавон ном бурд, ки рукнҳои муҳимми Истиқлолияти  давлатии  кишвар ба шумор мераванд.

Мо дар як давраи шикасти низоми сиёсии ҷаҳонӣ  ба саҳнаи сиёсати умумиҷаҳонӣ баромадем. Даврае, ки Иттиҳоди Шўравӣ пош хўрда, давлатҳои узви  он ба ҳар тараф  барои ҷустуҷўйи роҳи хеш рафтанд ва ҳамагон зери фишорҳои геополитикӣ монданд. Муборизаи ду система ва ҷанги сард анҷом ёфта, ба ҷойи он бозингарони зиёде ба саҳнаи муборизаҳои геополитикӣ қадам гузоштанд, ки муборизаи байни онҳо равандҳои асосии ҷаҳони муосирро муайян месозанд. Чунин тағйироту дигаргунӣ дар низоми нави ҷаҳонӣ  аз пайи худ дастоварду арзишҳои навро низ овард. Тоҷикистон низ яке аз давлатҳои нави ҳамин марҳалаи таърихӣ ба шумор меравад.

Вале набояд мо ғуломи он фикр шавем, ки ин аввалин давраи давлатдорӣ ва истиқлолияти давлатии мо мебошад. Заминаҳои ин истиқлолият ва давлати миллии мо  решаҳои чуқури таърихӣ доранд. Мо тоҷикон ҳеҷ гоҳ бедавлат набудем. Шаклҳои гуногуни давлатдории мо, ки дар марзҳои гуногун ойгир буданд, барои нигоҳдории тачрибаи давлатдории миллати мо замина ва дарси таърихии  хубе мебошанд. Ин  кишвари ҳазорҳо шаҳро, боғҳо буд. Ин ҷо қадимтарин давлатхои  мо Бохтару Суғд арзи вуҷуд карда, баъдтар дигар давлатҳо пайдо шуда, таназзул ёфтаанд. Ва бузургтарин империяи тоҷикӣ, бешак, давлати Сомониён буд, ки сохтори муосири давлатдорӣ бо низоми беназири идоракунӣ дошт…

Шаклҳои гуногуни давлатдории мо, ки дар минтақаҳои гуногун ҷойгир буданд, барои нигоҳдории таҷрибаи давлатдории миллати мо замина ва дарси таърихии  хубе мебошанд. Бо шикаст хўрдани империяи Сомониён давлатҳои хурд-хурди тоҷикӣ аз байн нарафтанд. Худи бекигариҳои Ҳисор, Балҷувону  Кўлоб ва Қўрғонтеппаву Қубодиён, Дарвозу Қаротегину шоҳигариҳо ё бекигариҳо дар Бадахшон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки то асри ХХ дар ин ё он шакл тоҷикон дар марзу буми ватани азалӣ ва аҷдодии хеш ҳокимияти сиёсиро дар дасти худ нигоҳ медоштанд.Чунин манзара дар Афғонистон низ ба назар мерасид. Аз ин рў, мавҷуд будани давлатдории тоҷикон дар тамоми таърихи мавҷудияти халқи мо ин як ҳақиқати бебаҳс аст.

Албатта, касе рад намекунад, ки мо баъди шикасти Давлати Сомониён қисман ба ҳайати империяҳои бузург, аз Ғазнавиёну Салҷуқиён то аморати Бухоро ва Иттиҳоди Шўравӣ  ба таври давлатдориҳои гуногун чун хонигарӣ, бекигарӣ, шоҳигарӣ, ҷумҳурии мухтор ва ҷумҳурии иттифоқӣ дохил будем, вале ҷавҳари озодипарастӣ ва  истиқлолхоҳии моро ҳеҷ яке аз империяҳо шикаста ва аз хотираи таърихии мо зудуда натавонистанд. Раванди истиқлолиятхоҳӣ ҳама вақт  ҷавҳари худшиносии мо буда ва мондааст, ки аз устод Абулқосим Фирдавсӣ то устод Садриддини Айнӣ он танҳо қувват гирифта,  оқибат ба давлатдории миллӣ ва имрўз ба давлати миллии соҳибихтиёри мо расидааст.

Яъне имрўз мо дар зинаи аввали давлатсозӣ нестем. Мо ба  эҳё ва бозсозии давлатдории худ сар кардаем ва ин 25 сол давраи тиллоии таърихи навини мост. Эҷодкории таърихии миллат маҳз дар ин замон бештару беҳтар бедор шуда,  қувват гирифт ва ба мо неруи бунёдкорӣ ва созандагӣ бахшид.

Ба ҳамагон маълум аст. ки раванди истиқлолиятхоҳӣ ва давлатсозӣ кори содаву осон  нест. Дар таърих чунин ҳодисаҳову падидаҳо зиёд нестанд.  Садҳо халқу миллатҳо ин орзуву омолро бо худ бурдаанд ва аз баъзеи онҳо нишоне ҳам намондааст.Як қатор давлатҳои  бонуфузи замон раванди истиқлолиятхоҳиро бо муборизаҳои шадид аз сар гузаронидаанд.  Агар каме назарияпардозӣ кунем, давлатҳои мо дар аввал интегративӣ буданд. Онҳо намояндагони миллиятҳои зиёд ва мазҳабҳои гуногунро дарбар мегирифтанд. Аз ин рў бояд меъёри асосӣ забони давлатии онҳо бошад. Зеро маҳз забон ва завқи эстетики халқ метавонад ҳаёти маънавии халқ ё кишварро ифода намояд. Вале дар замони шўравӣ давлати мо дарҳақиқат шуроӣ шуд ва халқияту миллиятҳои зиёде дар идоракунии ин давлат, ки шакли давлатдории маҳдудро дошт иштирок мекард. Яъне мо истиқлолияти миллӣ ва давлатӣ надоштем, гарчанде давлатдорӣ доштем.   Ин нишондиҳандаи он аст, ки истиқлолияти комилро ба даст овардан бисёр муҳим, вале хеле душвор  аст. Дар шароити Тоҷикистон ва давлатҳои собиқ Шўравӣ бошад, раванди истиқлолият хислат ва хусусияти  дигаре дошт.

Метавон гуфт, ки Истиқлолияти давлатӣ дар шароити ин давлатҳо гарчанде решаҳои амиқи таърихӣ дошт, вале маҳз дар охири асри бисти милодӣ ҳодисаи ғайриинтизор буд. Дар ин марҳалаи таърихӣ заминаҳо барои истиқлолият чандон  устувор дониста намешуданд, вале ба ин нигоҳ накарда, истиқлолияти давлатӣ аз тарафи мардум қабул шуд, ҳарчанд дарки ин падида барои мардуми ба мустақилият одатнакарда хеле душвор ва мушкил буд. Мардум намедонистанд, ки чӣ кор кунанд. Касе дигар фармон намедод, касе кӯмак намекард, касе парвои мардум, кишвар ва давлат надошт. Ҳама мехостанд, ки ба ҳокимият расанд, вале дар пушти ин хоҳишҳо кӣ меистод ва ба лўхтакбозиҳо кӣ машғулбуд, касе намедонист. Қувваҳои муайян гуноҳро гоҳ ба гардани дин ва гоҳе ба дӯши ҳизбҳои сиёсӣ, ҳамсояҳову кишварҳои дур ҳавола мекарданд, вале касе аз пастии маърифати сиёсӣ, динӣ, ҳуқуқӣ, надонистани таърихи худу бозиҳои геополитикӣ, қувваҳои дохилии марказгурезу ҷудоихоҳ, гурўҳҳои аз манкуртизми сиёсии хеш бехабармонда, ки  ҷомеаро ба бунбаст кашиданд, фикр намекард. Ба таври дигар гўем, омилҳои дохилиро, ки ҳама вақт нақши аввалиро доштанд, ба назари эътибор намегирифтанд. Ин дарси таърихӣ барои давлатдории мост. Хотираи таърихии миллат бояд низоми нигоҳдорӣ ва таҳлили пайвастаи таҷрибаи таърихии миллатро дошта бошад.

Тамоми омилҳои дохилиеро, ки ба амнияти кишвар ва минтақа таҳдид мекунанд, омўхта барои пешгирӣ кардани равандҳои манфӣ дар ҷомеа  чораҳои муассир андешидан  мувофиқи мақсад ба назар мерасад.. Бояд донем, ки маҳз омода набудани табақаҳои ҷомеа ба истиқлолият ва низоми демократӣ  боиси  ҷанги шаҳрвандӣ  гардид.

Бетаҷрибагии сиёсӣ, содагӣ ва зудбоварӣ мардумро ғуломи равандҳои сиёсӣ намуд. Давлат дар ин вазъият пурра фалаҷ гардида буд. Ҳокимият дар баъзе маҳалҳо ба дасти дуздону авбошону одамкушон гузашта тамоми ҳуқуқҳои заҳматкашонро зери по карда буданд. Ба сухани мардуми хонабардўш касе гўш намекард. Мардум маҷбур шуданд, ки хонаву ҷойи худро монда, ғарибу мусофир ва муҳоҷир шаванд. Бесоҳибии заминҳо ва ба муҳоҷирати корӣ рафтани мардум аз ҳамон вақту замон реша мегирад ва ба гардани Хукумати имруза бор кардани ин гуноҳи  муҳочират асос надорад.

Бояд  гуфт, ки бозгардонидани ҳокимияти халқ ба худи халқ кори осоне набуд, зеро худи мардум ҳам дар чорроҳа монда дўстро аз душман фарқ намекард. Бештари мардум ба маҳаллу миллиятҳои мавҷуда ва гуруҳҳои этникӣ ҷудо шуда буданд. Ин бузургтарин таҳдид барои Истиқлолияти давлатӣ ба шумор мерафт. Ба корҳои дохилии кишвари мо хадамоти махсуси дигар давлатҳо дахолат карда, оташи зиддиятҳои дохилиро доман мезаданд ва кишварро ба бесуботӣ ва нобоварӣ ба ояндаи худ мекашониданд..

Вазифаи Ҳукумати нав аз ин хатар раҳонидани кардани мардум ва ҳифзи давлати миллии тоҷикон буд. Ҳар як халқе, ки соҳибистиқлол мегардад, мақсад ва вазифаи  аввалиндараҷаи он таҳияи низоми идораи давлатӣ ва ба ҳам овардани ҷомеа мешавад, бахусус дар ҳолати фалаҷ шудани сохторҳои давлатӣ.

Аз рўи принсипҳои муайянкардаи Макс Вебер-давлат ин қувваи махсусгардонидашуда ва муттамарказгардонидашуда барои нигоҳдории тартибот аст.

Давлат фақат дар он ҷое ба вуҷуд меояд ,ки дар зиндагии ҳаррўзаи иҷтимоӣ сохторҳои махсуси ҳифзи тартибот ,чун политсия ва суд ба вуҷуд меоянд. Маҳз онҳо давлат мебошанд.

Дар шароити Тоҷикистон низ  чунин буд, вале ҷанги шаҳрвандии хонумонсўз кишварро ба як харобазор табдил дод. Ва ҳатто сохторҳои давлатӣ пурра фалаҷ гашта буданд. Онҳо қувваи нигоҳдорӣ кардани тартиботро надоштанд ва худ қурбонии аввалини қувваҳои харобкор мегаштанд. Қувваҳои дохилию хориҷӣ аз фурсати барояшон муносиб–зиддияти қувваҳои сиёсӣ ва маҳалҳо истифода бурда, ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ равған мерехтанд.Баъдтар қумондонҳо аз вазъияти баамаломада раванди вайроншавии  кишварро дарк намуда, кўшиш карданд, ки ҳама масъалаҳоро бо роҳи гуфтушунид ҳал намоянд, вале аллакай дер шуда буд. Табақаҳои гуногуни ҷомеа ба ақлу хирад ва фарҳанги сулҳпарастии мардум такя намуда дар назди вакилони халқ ҳалли масъалаи ҷанг ва сулҳро гузоштанд,  вале  ин давра давраи гайричашмдошт тезтағйирёбии ҳодисаҳои сиёсӣ буд. Баъзан дастгоҳҳои муқтадири ҳамонвақтаи ҳизбию давлатӣ аз равандҳои тағйирёбанда қафо монда, чӣ кор карданашонро намедонистанд.Вале ба ҳар ҳол халқи тоҷик ҳаққи худро аз даҳони шер гирифт ва худ ба шери далер ва чун рамзи таърихии худ шери зарринбол табдил ёфт. Дурахши ин дастоварди миллат дили ҳазорон одамонро ба сўйи озодии миллӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ гарм карда, роҳи ояндаи миллатро равшан кард.

Таърих гувоҳ аст, ки дар тўли ҳазорсолаҳо оини давлату  давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикан, таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, бозэҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Имрўз аз  замони  расман эълон шудани Истиқлолияти давлатии мо  25 сол гузашт. Дар ин муҳлати бисёр муҳим пояҳои устувори давлатдории муосири тоҷикон  гузошта   шуданд. Бо душворӣ бошад ҳам, имрўз сарсахтарин мухолиф ва танқидгари Ҳукумат низ дастовардҳои бузурги моро дар соҳаҳои гуногун  эътироф накарда наметавонад.

Истиқлолу озодӣ, доштани роҳбари оқилу доно ва адолатпарвар  орзуву омоли деринаи миллати куҳанбунёди мо мебошад. Яъне барои миллати мо доштани пешвои миллӣ, шахси роҳбару роҳнамо зарурати таърӣ гашта буд, зеросохтани давлати миллӣ ва ташаккул додани манфиатҳои миллӣ бе Роҳбари оқилу тавоно ва тими таҳлилии пурқуввати миллӣ имкон надорад.  Дар асри бистум истиқлолият ва давлати миллӣ  ба андеша ё ғояи миллии мо табдил ёфт ва чун пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон, ки зинаи аввали ташаккули он ба даврони Шўравӣ  рост омада, баъди эълони Истиқлолияти давлатӣ  шакли давлатдории мутамаддину пешрафтаро гирифт.Ҳамин тариқ идеяи миллиии мо маҳз истиқлолияти давлатии мо мебошад,к ҷавҳари онро давлати миллӣ ташкил менамояд.  Чоряк аср дар назди таърих хеле муҳлати кам аст, вале он барои насли мо давраи ҷавонӣ ва камолоти умрамон буд ва барои насли мо тамоми ҳаёт аст, ки  онро бо ҳам барои таҳкими бинои Истиқлолияти давлатӣ, зебу оро додани ин қасри муҳташам, зебову дилкаш ва ҷаззоби миллӣ бахшидем. Орзўи давраи ҷавонии мо ба воқеият табдил ёфт.Мо насли хушбахтем, соҳиби ватан,давлат, фарҳанги миллӣ ва пешвои миллӣ ва стратегияи рушди худ гаштем ва худ дар раванди  сохтани он иштирок кардем. Пас ҳифзи он мақсади ҷонии ҳар яке аз мост. Ва ҳамаи ин барои насли ояндааст.

Истиқлолияти давлатӣ авҷи дар амал татбиқшавии орзуву омолҳои миллат аст, ки бо ба вуҷуд овардани давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳ, ҷойгоҳ ва мақоми худро устувор менамояд, миллатро бо забону фарҳанг ва ҳадафҳои таърихии хеш шинос месозад, низоми давлатдории худро интихоб, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ рамзи ватандўстӣ ва ватандории ҳақиқӣ ва воқеии ҳар як шаҳрванд аст, вазифаи  ҳар як фарди ин миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта ва минбаъд низ ин бозёфти таърихӣ, ин атои худовандӣ, ин ҷараёни худогоҳӣ ва худшиносии миллатро пайгирӣ менамояд ва пешрафту ободонии ин диёри куҳанбунёди худ саҳми шоиста ва арзандаи хешро мегузорад.

 

Сайфулло Сафаров,

муовини якуми Директори Маркази

тадқиқоти стратегии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои фалсафа

Сентябрь 7, 2016 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон аст
АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
«Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
МАСИРИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ. Андешаҳои Абдураҳим Шоҳиён дар робита ба ин мавзуъ
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо