Деваштич: Вакили мардумӣ аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият сухан гуфт

Сентябрь 16, 2016 11:15

Душанбе, 16.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон ҷараён дорад.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич хабар доданд, дар деҳаи Росровути ноҳияи Деваштич вохӯрии интихобкунандагон бо вакили мардумӣ аз ҳавзаи интихоботии Деваштич-24 Зуфар Исмоилзода доир шуд. Зуфар Исмоилзода ҳамагонро бо ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, доир ба дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоию фарҳангӣ, мавриди истифода қарор гирифтани даҳҳо коргоҳҳои саноатӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва бунёди шаҳраку шаҳрҳои нав ҳарф зад.
Мулоқот дар ҷамоатҳои Исмоили Сомонӣ ва Далёни Боло низ бо иштироки фаъолонаи сокинон ва ибрози мулоҳизаҳо ҷараён гирифт.
Вакили мардумӣ З. Исмоилзода аз корҳои ободонӣ дар деҳаи Истиқлол низ дидан карда, бо сокинони маҳал суҳбати гарм орост. Бояд гуфт, ки дар деҳаи мазкур бевосита бо дастгирии худи мардум ба тариқи ҳашар беморхонаи нав бунёд ёфт, ки дорои 20 кат буда, бо тарҳи ҷавобгӯй ба талабот бунёд гардидааст. Боз бо иқдоми худи аҳолӣ сохтмони бинои нави мактаб бо фарогирии 10 синфхона идома дорад.
Мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагон З.Исмоилзода дар деҳаҳои ҳавзаи интихоботӣ идома дорад.

Сентябрь 16, 2016 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад