Дигаргуниҳои куллӣ дар Рашт

Сентябрь 24, 2016 11:42

Душанбе,24.09.2016./АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи 25-соли истиқлолият ҳаёти фарҳангии ноҳия рушд карда, базаи эҷодӣ, ҳунарӣ ва истеъдоди фарҳангиёни ноҳияи Рашт хеле мустаҳкам гардид. Ҳунармандону санъаткорони ҷавону болаёқат, имрӯз ба воя расида, ифтихори мардуми ноҳия гардидаанд.
Иштироки ҳунармандони ноҳия дар озмуну чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили «Андалеб 2006-2014» дар шаҳри Душанбе, 1100-солагии Исмоили Сомонӣ, 80-солагии шаҳри Душанбе, 2700-солагии шаҳри Кулоби бостонӣ, Корвони роҳи абрешим дар вилояти Суғд, Садои кўҳистон дар ВМКБ, ҷашни «Фалак» дар шаҳри Душанбе, «Чакомаи гесў», Рўзҳои фарҳангии ноҳия дар шаҳри Душанбе ва ғайра аз зумраи онҳоянд.
Соли 2016 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар баробари таъсиси гурўҳҳои ҳунарӣ дар назди ҷамоатҳои шаҳракию деҳотӣ барои онҳо асбобҳои мусиқӣ харидорӣ намуд. Таъмири асосӣ ва азнавсозии боми қасри фарҳанги ноҳия, ки солҳои зиёд таъмири асосиро надида буд, аз ғамхории навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки бинои мазкур соли 1988 ба истиф
ода дода шуда, имрўз ба таъмир ниёз дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соли 2016 барои театри халқии ноҳия ба маблағи 145 ҳазор сомонӣ асбобу таҷҳизот харидорӣ намуд.
Инчунин бо истифода аз маблағҳои буҷети маҳаллӣ бинои матбааи ноҳия ба маблағи 421 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда, бо ин восита барои фаъолияти самараноки матбаа ва мактаби бачагонаи санъат шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Сентябрь 24, 2016 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад