Донишҷӯёни ДМИТ бар зидди мухолифини давлати Тоҷикистон эътироз мекунанд
Душанбе, 23.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо нишони эътироз аз ҳузури мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон дар конфронси марбут ба ҳуқуқи инсони Варшава дар донишкада ҷамъомад доир карда, мавқеъ ва андешаҳояшонро оид ба масъалаи мазкур иброз доштанд.
Фирӯзи Талбак, магистранти курси 1, яке аз ҷавонони фаъоли донишкада зикр намуд, ки «барои чӣ ҷавонони гумроҳи тоҷик дар Варшаваи Полша барои ким кадом террорист, аъзои ҳизбе, ки бо қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 ҳамчун гурӯҳи террористӣ эълон шудааст, ҳамоиш баргузор мекардаанду мо, ҷавонони тоҷике, ки дар фазои сулҳу суботи кишвари соҳибистиқлоламон зиндагӣ мекунем, таҳсил дорем, дар оғӯши падару модарем, хомӯш нишинем».
Ба иддаои ин ҷавонон, раиси ҲНИТ-и террористӣ ва мамнӯъшуда М. Кабирӣ мехоҳад ғаразҳои нопоки худро дар Тоҷикистон амалӣ созад ва ба воситаи ин нафарон нақшаҳояшро роҳандозӣ кунад.
Ҷовидон Халифаев, донишҷӯи курси 3 аз интиқоди Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат, ки ин ҷавонон дар Варшава кардаанд, изҳори норизогӣ карда, гуфт: «Хизматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди кишвар ва тарғиби дини Ислом хеле калон аст. Чун бо супориш ва дастури Пешвои миллат се маротиба нашр шудани китоби «Қуръон» ва эълони соли бузургдошти Имоми Аъзам дар соли 2009, фаъолияти масҷидҳои сершумор дар кишвар ва сохтмони масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ бо номи Имоми Тирмизӣ аст, ки ин ҳама барои ибодати бе монеаи мардуми мусалмон буда, эҳтирому арҷгузорӣ ба бузургони дини мубини Ислом мебошад».
Донишҷӯёни ДМИТ арза доштанд, ки мо ҳамчун ҷавонони ватандӯсту сулҳхоҳ бояд ба он ҷавонони гумроҳу манфиатҷӯй, ки имрӯз бар зидди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан мегӯянд, ҳақиқатро фаҳмонем.








17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






