Донишҷӯёни ДТТ: «Тоҷикистон Истиқлолияти идеалӣ дорад ва ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар ин ҷо ҳифз мешаванд!»
Душанбе, 23.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ беш аз 2 ҳазор нафар ҷавонон оид ба ҳузури мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон ба ҳамоиши эътирозӣ баромаданд.
Дар ҳамоиши эътирозӣ ҷавонон мехостанд ба он ташкилотҳое, ки имрӯз барои халалдор намудани истиқлолияти Тоҷикистон, ки берун аз кишвар баромад карда истодаанд, расонанд, ки мо, ҷавонони Тоҷикистон ба ҳамаи ҷаҳониён бо сари баланд муаррифӣ карда метавонем, ки Тоҷикистон Истиқлолияти идеалӣ дорад ва ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар кишвари мо ҳифз мешавад.
Бахтиёр Ғозиев, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, ки дар ҳамоиш иштирок дошт, дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» зикр намуд: «Мақсад аз сарҷамъии мо, ҷавонон он аст, ки ҳамаи мо барои нигоҳ доштани сулҳу субот ва истиқлолият дар Тоҷикистон кӯшиш меварзем ва сарҷамъона кор мекунем. Мо намегузорем, ки ягон неруи хориҷӣ барои халалдор кардани истиқлолияти давлатии мо таъсир расонад».
Бояд гуфт, ки ин ҷамъомади эътирозӣ бо ташаббуси худи донишҷӯён сурат гирифтааст.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






