Дузд намедонистааст, ки дар филиалҳои «Амонатбонк» пули нақд нигоҳ намедоранд
Файзобод, 15.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Файзобод дар маҷлиси ошкорои суди сайёр сокини 31- солаи деҳаи Б. Бурунови шаҳри Ваҳдат Содиқзода Лутфуллои Эмомалиро, ки пеш бо моддаи 244, қисми 3 банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда буд, бо ҷурми дуздӣ дар асоси моддаи 244 қисми 2 бандҳои «а» ва «г»- и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати панҷ сол бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр аз озодӣ маҳрум сохт.
Ҷинояткор шаби 20 апрели соли 2016 бо мақсади дуздӣ ба бинои №19/659-и «Амонатбонк»-и ҷамоати деҳоти Қади оби шаҳри Роғун даромада, 300 сомонӣ пули нақдро, ки ба корманди бонки мазкур Расулзода Аслиддин тааллуқ доштааст ва 3 адад корти пластикӣ, як адад дастгоҳи модем, як адад камераи мушоҳидавиро тасарруф намудааст.
Инчунин шаби ҳамон рӯз номбурда бо мақсади дуздӣ ба бинои №145, «Амонатбонк»-и ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод даромада, 60 сомонӣ пули нақдро рабудааст. Ҷинояткор намедонистааст, ки дар филиалҳои «Амонатбонк» пули нақд нигоҳ намедоранд, аз ин сабаб ӯ ба мақсади асосиаш нарасидааст. Аммо дар натиҷаи шикастану корношоям кардани камераҳои назоратӣ ба бинои №19/659-и «Амонатбонк» ба маблағи 4024 сомонию 37 дирам ва ба бинои №145-и «Амонатбонк» 4517 сомонӣ зарар ворид намудааст, ки тибқи ҳукми суд маблағи зарари расонидааш рӯёнида мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






