Элизабет Миллард, сафири ИМА дар ҶТ: «Ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст»

Сентябрь 9, 2016 12:11

Душанбе, 09.09.2016./АМИТ «Ховар»/. Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Миллард  мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати кишвараш шодбош гуфт. Дар Паёми табрикотии сафир, ки дар сомонаи расмии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҷой дода шудааст, чунин омадааст:

«Аз номи Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мардуми Тоҷикистонро бо 25-умин-солгарди истиқлолияти Тоҷикистон муборакбод мегӯям. Дар таърихи Тоҷикистон ин як марҳилаи муҳим аст ва Иёлоти Муттаҳида аз идома додани ҳамкорӣ шарафёб аст. Дар давоми 25 соли охир Иёлоти Муттаҳида соҳибихтиёрӣ, субот ва рушди Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, ба таври мунтазам мусоидат менамояд.

Уҳдадориамон нисбат ба Тоҷикистон ва халқи он на танҳо байни ҳукумати давлатҳоямон ҷой дорад, балки он миёни халқҳои мо – миёни донишҷӯён чун табодули дониш ва рушди фарҳанги навоварӣ дар байни онҳо суръат мегирад, миёни соҳибкорони ду давлат, ки ба рушди бозорҳои Тоҷикистон мусоидат мекунанд; ва миёни роҳбарон – чун дар такмил додани ислоҳоти муҳим, бартараф намудани чолишҳои муштарак ва фароҳам овардани имкониятҳои Тоҷикистон барои насли кунун ва оянда ҳамкорӣ менамоем.

Дар аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон омадам ва хушбахт аз он ҳастам , ки дар чунин кишвари зебо қарор дорам. Ман на танҳо аз табиати зебои Тоҷикистон, балки аз мардуми ғайриоддии он дар тааҷҷубам. Бо намояндагони ҳукумат, рассомон, сиёсатмадору фаъолон, омӯзгорону хонандагон ва бисёр шахсони дигар вохӯрдам. Меҳмоннавозӣ ва самимияти халқи тоҷик маро то ҳол ба ҳаяҷон меоварад. Муносибат байни халқҳо омили асосии ҳар як муносибат мебошад ва барои ман ҳамчун Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон боиси ифтихор аст, ки ба густариш ёфтани ин муносибатҳо мусоидат менамоям.

Чун мо 25-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистонро ҷашн мегирем, муҳим он аст, ки на танҳо ба гузашта такя кунем, инчунин ба оянда низ бояд назар афканем. Боварии комил дорам, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст ва ҷиҳати дастгирӣ намудани рушди ояндаи Тоҷикистон Иёлоти Муттаҳидаи Амрико минбаъд низ ҳамкории наздик хоҳад кард.

Ба тамоми мардуми Тоҷикистон ин ҷашни шодию сурурро бори дигар табрик мегӯям ва умед аз он дорам, ки дар солҳои оянда муносибатҳои дустонаи мо боз ҳам вусъат хоҳанд ёфт.

Ҳамкории Тоҷикистону Амрико ба хотири ояндаи дурахшон!

Сентябрь 9, 2016 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!