Эмомалӣ Раҳмон: «Агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият карда бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 2100 адад расидааст»
Душанбе, 08.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дар 25 соли истиқлолият бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ садҳо корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд ва ҷойҳои корӣ таъсису барқарор карда шуданд». Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт.
Пешвои миллат гуфт, ки агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият карда бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 2100 адад расидааст.
Танҳо соли равон бунёди 14 корхонаи бузург бо таъсиси панҷуним ҳазор ҷойи кори доимӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз аллакай як қисми онҳо ба фаъолият оғоз кардаанд.
Қобили зикр аст, ки саноати имрӯзаи Тоҷикистон дорои заминаи маҷмӯан инкишофёфта ва бо технологияҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, беш аз 140 навъи маҳсулот истеҳсол мекунад, ки ба соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, истихроҷи ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металл, аз ҷумла металлҳои қиматбаҳо, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ тааллуқ доранд.
Танҳо дар самти коркарди пахта дар даврони соҳибистиқлолӣ даҳҳо корхонаҳои нав бунёд шуда, иқтидори коркарди нахи пахта аз 28 ҳазор тоннаи соли 1991 ба беш аз 100 ҳазор тонна расонида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






