Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳамоиш ё роҳпаймоии имрӯзаи сокинони пойтахти мамлакат фарогири беҳтарин суннату анъанаҳои миллии мост»
Душанбе, 9.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Таҷлили ҷашни истиқлолият ҳамчун воқеияти ҳаёт дорои аҳаммияти махсус буда, мо ин санаи бузургро беҳуда ҷашни муқаддаси миллӣ нагуфтаем. Фазои идонаи чорабинии имрӯза низ гувоҳи он аст, ки мардуми фарҳангдӯсти пойтахти кишварамон- шаҳри Душанбе ҳамчун рамзи шукрона аз замони истиқлоли кишвар барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои ояндасози худ саъю талош менамоянд». Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории маросими роҳпаймоӣ ба ифтихори рӯзи Истиқлолияти давлатӣ баён намуд.
Пешвои миллат ҳамчунин иброз дошт, ки ҳамоиш ё роҳпаймоии имрӯзаи сокинони пойтахти мамлакат фарогири беҳтарин суннату анъанаҳои миллии мо буда, онҳоро бо тарҳи наву хосса ва мутобиқ ба падидаҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар инъикос менамояд.
«Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки ба бахти баланди миллати тоҷик биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии кулли сокинони мамлакат таҷлил шуда истодааст»,- гуфт Эмомалӣ Раҳмон ва илова намуд, ки «Рӯҳияи идонаи ширкаткунандагони чорабинӣ худ баёнгари ҷонибдории онҳо аз ташаббусҳои созандаи давлату Ҳукумат буда, таҷлили бошукӯҳу дастаҷамъонаи истиқлолияти давлатӣ ҳамаи моро ба хотири боз ҳам ободу зебо ва неруманду пешрафта сохтани давлати соҳибистиқлоламон ҳидоят месозад».








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






