Эмомалӣ Раҳмон: «Давлати мо дар ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид узвият дошта, фаъолияти самаранок мебарад»
Душанбе, 29.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Давлати мо муаллифи се ташаббуси бузург дар соҳаи об аст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудаанд». Ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бахшида ба нахустин таҷлили «Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ» ва ифтитоҳи бинои Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ иброз доштанд.
Ба гуфтаи Пешвои миллат, дар оғози соли равон бо ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони даҳ кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Тоҷикистон, Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ кард.
«Ҳамзамон бо ин, ба мақсади идомаи талошҳои байналмилалӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба обу беҳдошт, мо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ибтикори нав — эълон кардани Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти шиори «Об ба хотири рушди устувор» ҷалб намудем»,- гуфтанд Сарвари давлат ва илова намуданд, ки «Боиси хушнудист, ин иқдоми тозаи Тоҷикистон, ки зимни ширкати мо дар Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об моҳи апрели соли 2015 дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Корея муаррифӣ гардид, мавриди дастгирии рӯзафзун қарор дорад».
Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои марбутаи кишварро зарур аст, ки барои таъмин намудани дастгирии фарогир аз иқдоми мазкур ва дар ин замина таҳия ва пешниҳод намудани қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Моҳи июни соли равон ба узвияти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ЭКОСОК) интихоб гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як далели возеҳи болоравии обрӯ ва эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
«Давлати мо дар ниҳодҳои дигари Созмони Милали Муттаҳид, монанди Комиссияи маводи мухаддир барои солҳои 2014-2017 ва Комиссияи мақоми зан барои солҳои 2014-2018 узвият дошта, дар чаҳорчӯбаи онҳо фаъолияти самаранок мебарад»,- афзуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.








Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст






