Эмомалӣ Раҳмон: «Таълиму тарбияи насли наврас ва роҳнамоии дурусти ҷомеа омили муҳимми пешгирии ҳама гуна таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир аст»

Сентябрь 13, 2016 15:19

Душанбе, 13.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Спитамен баён доштанд, ки замони муосир дар баробари пешрафти илму техника, инчунин масъалаҳоеро ба миён гузоштааст, ки дарки онҳо донишу ҷаҳонбинии мукаммал, ҳушёриву зиракӣ ва мавқеи устувори шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеаро талаб мекунад. Хусусан, дар солҳои охир тавсеа пайдо намудани зуҳуроти нангину хатарноки терроризму ифротгароӣ, ки аксаран таҳти шиорҳои динӣ ва зери ниқоби ислом сурат гирифта, аслан ба дини мубини ислом иртиботе надоранд, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, барои ноором сохтани вазъи ҷомеаи ҷаҳон истифода мешавад.
Ба иттилои Пешвои миллат, аз вилояти Суғд қариб 400 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 36 нафар сокинони ноҳияи Спитамен ба ҳаракату гурӯҳҳои ғайриқонунӣ шомил гардидаанд ва то имрӯз даҳҳо нафари онҳо ба хотири манфиатҳои бегонагон ба ҳалокат расидаанд.
«Вобаста ба ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, падару модарон, аҳли маориф ва фаъолон вазифадоранд, ки корҳои тарбиявиро дар байни наврасону ҷавонон вусъат бахшида, ба онҳо роҳи дурусти зиндагиро нишон диҳанд ва дар зеҳни наврасону ҷавонон ҳисси ифтихор аз давлати соҳибистиқлол ва ватани соҳибихтиёрро тарбия намоянд»,- афзуданд Президенти  кишвар ва таъкид намуд, ки  таълиму тарбияи насли наврас ва роҳнамоии дурусти ҷомеа омили муҳимми пешгирии ҳама гуна таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир буда, аз роҳбарону фаъолон ва аҳли зиё тақозо менамояд, ки нисбат ба мушкилоту масъалаҳои мавҷудаи ҷомеа бетараф набошанд ва дар ҷодаи таҳкими асосҳои истиқлолияти давлатӣ ва таъмини тараққиёти минбаъдаи кишвар садоқатмандона хизмат намоянд.

Сентябрь 13, 2016 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад