Эътирози зиёда аз се ҳазор нафар ҷавонони Хатлон оид ба мавқеи САҲА
Қӯрғонтеппа, 24.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо роҳбарии Меҳроҷ Ғуломов, як ҷавони фаъоли вилоят ва бо иштироки зиёда аз се ҳазор нафар ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва коллеҷҳо ҳамоиши эътирозӣ оид ба рафтори ноодилонаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо баргузор гардид.
Донишҷуён изҳор намуданд, ки чунин як ташкилоти байналмилалӣ чӣ гуна метавонад ҷинояткоронро дастгирӣ кунад. Агар ин ташкилот тарафдори тинҷиву оромӣ бошад, дастгирии гурӯҳҳои чиноятпеша чӣ маънӣ дорад.
Ин дар ҳоле сурат мегирад, ки ин гурӯҳҳо дар кофтукоби байналмилалӣ қарор доранд ва аммо давлати Лаҳистон (Полша) худ аъзои Интерпол мебошаду онҳоро дастгирӣ мекунад.
Магар Лаҳистон қудрате надорад, ки ҷинояткоронро дастгир кунад? Ба ин рафтори САҲА ва давлати Лаҳистон чӣ гуна баҳо додан мумкин аст?
Ин ҳам дар ҳолест, ки тамоми инсоният бар зидди терроризму экстремизм мубориза мебаранд. Аммо баъзе давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба ҷинояткорон дасти кумак дароз мекунанд ва онҳоро ба ҷаласаҳои худ роҳ медиҳанд. Барои чӣ чунин рафтор нисбат ба дигар давлатҳо карда нашудааст?
Яъне ин як нақшаи тарҳрезишуда мебошад. Яъне ки барои САҲА манфиатҳои гурӯҳи ҷиноятпеша аз тинҷиву оромӣ дар як кишвари мустақил болотар меистад?








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






