Файзобод: 341 нафар тибқи квотаи президентӣ таҳсил доранд

Сентябрь 26, 2016 12:19

Файзобод, 26.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи маориф дар ноҳияи Файзобод дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ рушд намуда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Соли 1991 шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар якҷоягӣ бо 22 муассисаи ҳудуди шаҳри Роғун 65 ададро ташкил медод. Имсол ин шумора танҳо дар ноҳия ба 58 адад расидааст, ки нисбат ба солҳои аввали истиқлолият 15 адад зиёд мебошад. Айни замон дар ноҳия 40 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 муассисаи таҳсилоти асосӣ ва 8 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият менамоянд.
Соли таҳсили 2015-2016 дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1222 нафар омӯзгор, аз ҷумла 504 нафар зан фаъолият намуданд, ки тибқи иттилои масъулин соли равон шумораи омӯзгорон нисбат ба соли 1991 417 нафар афзудааст. Инчунин дар ин давра ҷиҳати ҳавасманд гардонидани омӯзгорон 243 нафар омӯзгор бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм ва нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», 4 нафар бо медали «Хизмати шоиста» ва 7 нафар бо унвони «Корманди шоиста» сарфароз гардонида шуданд.
Бо мақсади бо кадрҳои дорои маълумоти олӣ таъмин намудани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия имрӯзҳо 2489 нафар донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 341 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил доранд, ки аз ин шумора 232 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

Сентябрь 26, 2016 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад