Файзобод: Дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ хонаи Шералӣ Давлатов ҷойи аввалро гирифт
Файзобод, 05.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Мусобиқаи ҷумҳуриявии шаҳру ноҳияи беҳтарин, ҷамоат, маҳалла, оила ва хонаи намунавӣ, ки ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо доир гардид, дар ноҳияи Файзобод хонаи Шералӣ Давлатов, сокини ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт сазовори ҷойи аввал гардид.
Бинои хона аз ду ошёна иборат буда, 8 ҳуҷра, меҳмонхонаю ошхонаи алоҳида дорад. Шералӣ Давлатов мегӯяд, ки сохтмони хонаи мазкур бо меҳнати якҷояи омӯзгории ӯву ҳамсараш ва фурӯши ҳамасолаи меваҳои боғашон аз соли 2000 оғоз гардида, давра ба давра соли 2015 пурра ба анҷом расид. Ва ин оилаи хушбахт дар айни замон бо фарзандону наберагон бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ дар он зиндагӣ доранд.
Ҳамчунин бо заҳматҳои бисёру ғизодиҳии ниҳолҳои себу ноки заминаш ба ҳисоби миёна имсол аз 5 сотих боғ 6 тонна ҳосил ҷамъоварӣ менамояд ва ба хотири захираи меваҳои боғаш Шералӣ Давлатов анбори мева сохтааст, ки дар он бе мушкилӣ самараи заҳматашронигоҳубин мекунад.
Муовини раиси ҷамоати деҳоти Қалъаи дашти ноҳия Зебунисо Шарипова изҳор дошт, ки дар даври аввали Мусобиқаи ҷумҳуриявии шаҳру ноҳияи беҳтарин, ҷамоат, маҳалла, оила ва хонаи намунавӣ хонаҳои ҳудуди ҷамоат пурра иштирок намуданд ва барои самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлигӣ, ба ҳолатҳои санитарӣ ҷавобгӯ будан ва ба таври миллӣ ороиш ёфтани хонаи мазкур хонаи Шералӣ Давлатов дар даври ноҳиявӣ сазовори ҷойи аввал гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






