Фестивали «Атласу адраси Суғд-2016» доир мегардад

Сентябрь 3, 2016 10:42

Душанбе, 03.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли равон Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд-2016» баргузор мегардад.
Фестивал бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, тақвият ва густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ ва рушди атласу адрасбофӣ гузаронида мешавад.
Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд- 2016» аз рӯи бахшҳои «Беҳтарин либоси кӯдакона», «Беҳтарин либоси рӯзмарра», «Беҳтарин либоси расмӣ», «Беҳтарин либоси миллии қадима» ва «Беҳтарин либоси идона» гузаронида мешавад.
Барои барандаи Шоҳҷоизаи Фестивал 5 ҳазор сомонӣ ва барои дигар ғолибони озмун аз 2 то 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дар назар дошта шудааст.

Сентябрь 3, 2016 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад