Фестивали «Рангоранг» «Боғи Ирам»-ро рангин сохт
Душанбе, 3.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар маҷмааи давлатии «Боғи Ирам» бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали фарҳангиву сайёҳии мероси Роҳи абрешим «Рангоранг» ва озмуни ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Дар фестивали мазкур барои меҳмонону сокинони пойтахт ҳунармандони вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон намунаи ҳунарҳои дастии худро ба намоиш гузоштанд.
Сокинони пойтахт ва меҳмонон аз фестивал дидан намуда, як ҷаҳон таассуроти нек бардоштанд. Хусусан ба меҳмонон ҳунари зардӯзӣ, кандакорӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ писанд омаданд.
Дар фестивал намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон муқим ҳастанд, барои меҳмонон ва сокинони Душанбе ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии хешро пешниҳод карданд.
Аз ҷумла, сафоратҳои ҷумҳуриҳои Афғонистон, Покистон, Чин, Қирғизистон, Ҳиндустон, Русия, Қазокистон ва дигар сафоратҳо таомҳои миллии худро пешкаш намуданд.













Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






