Филми «Коса» ба фестивалҳои байналмилалии Лондон роҳхат гирифт
Душанбе, 19.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Филми кӯтоҳмуддати «Коса»- и Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов», ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар рӯи навор омадааст, дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия ба фестивалҳои байналмилалӣ се роҳхат ба даст овард.
Филми мазкур ба фестивалҳои байналмилалии Лондони Британияи Кабир, Рими Итолиё ва шаҳри Даккаи Бангладеш даъват шуд.
Ёдрас мешавем, ки оғози моҳи сентябр дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия дувоздаҳумин Фестивали байналмилалии филмҳои мусулмонӣ доир гардид, ки дар он коргардони тоҷик Муҳиддини Музаффар иштирок намуд.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






